Таъкиди Амрико бар идомаи ишғолгарии Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i55140-Таъкиди_Амрико_бар_идомаи_ишғолгарии_Афғонистон
Кордори сафорати Амрико дар Кобул бар идомаи ҳузури низомии ин кишвар дар Афғонистон таъкид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 05, 2020 13:22 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Амрико бар идомаи ишғолгарии Афғонистон

Кордори сафорати Амрико дар Кобул бар идомаи ҳузури низомии ин кишвар дар Афғонистон таъкид кард.

Ба гузориши Тасним, Рас Вилсон рӯзи якшанбе гуфт: Низомиёни амрикоӣ қасди хурӯҷ аз Афғонистонро надоранд ва чунин мавзӯе низ дар мафоди тавофуқномаи ба истилоҳ "Сулҳ"-и  Амирко ва "Толибон" дар Қатар қайд нашудааст ва бинобар ин, ҳузури 19-солаи Вашингтон дар Афғонистон идома хоҳад ёфт.

Амрико дар тавофуқномаи ба истилоҳ "сулҳ"-и бо "Толибон" мутааҳҳид шудааст, ки пас аз 14 моҳ аз имзои ин тавофуқнома, ки 4 моҳ пеш дар Қатар ба имзо расид, тамомии низомиёни хориҷӣ, ба фармондеҳии Амрико бояд хоки Афғонистонро тарк кунанд.

Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки коршиносони масоили сиёсии минтақа бар ин боваранд, ки роҳбурди низомии Амрико дар Афғонистон шикаст хӯрдааст ва низомиёни амрикоӣ барои берун омадан аз ботлоқи ин кишвар, ҳаммонанди Ироқ ва Сурия, роҳе ҷуз хурӯҷи хиффатбор надоранд.