Мухолифати Русия бо истифодаи механизми ҳалли ихтилоф дар Барҷом
Намояндаи доимии Русия дар ожонси байналмилалии энергетикии атомӣ эълом кард: бакоргирии ҳалли ихтилоф дар Барҷом идеяи хубе нест.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, "Михаил Улянов" дар Твиттер навишт: Тройкаҳои Аврупо ва Эрон талош мекунанд аз нуқтаи назарҳои мутафовит механизми ҳалли ихтилоф дар Барҷомро ба кор андозанд: ин идеяи чандон хубе нест.
Вай илова кард: "Ҳама иштирокчиёни Шӯрои МАГАТЭ, ба ҷои ин гуна далелҳои бефоида ва эҳтимолан харобкунанда, бояд дар якҷоягӣ дар бораи нигоҳ доштани ин созишномаи ҳастаӣ фикр кунанд. Созишнома, ки дар вазъияти хеле бад қарор дорад."
Дипломати аршади Русия низ рӯзи шанбе дар Твиттер навишт, ки кишварҳои Аврупо риоя накардани МАГАТЭ-ро ба Комиссияи муштарак ирсол хоҳанд кард ва гуфт, ки механизми ҳалли ихтилофи фоқид раванди дақиқ ва мавриди тавофуқ аст.
Улянов хотирнишон кард: Эрон аз комиссияи муштараки Барҷом хост, ки аз тариқи созукори ҳалли ихтилоф ба нигарониҳои Теҳрон дар бораи иҷрои тавофуқ тавассути Фаронса, Олмон ва Англия бипардозад.
Вай хотирнишон кард: Ин саввумин бор аст, ки мушорикаткунандагони Барҷом аз механизми ҳалли ихтилоф истифода мекунанд. Ин механизми фоқид раванди равшан ва мавриди тавофуқ аст.