Июл 08, 2020 14:28 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии тозаи полиси Ҳинд дар бораи куштори мусулмонон дар Диҳлии Нав

Полиси Ҳинд фош кард ҳиндуҳои ифротӣ дар саркуби мусулмонони Диҳлии Нав ва куштори онҳо нақши муҳиме доштаанд.

Ба гузориши радиои тоҷкии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним, полиси Ҳинд рӯзи чаҳоршанбе эълом кард: Омилони ҳамла ба мусулмонон аз муддате қабл як гурӯҳи ватсапӣ ташкил дода буданд ва дар он, барномаи ҳамла ба иҷтимои мусулмононро ба сурати дақиқ мушаххас карда буданд.

Рӯзи 26 феврали 2020 ҳамзамон бо сафари Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико ба Ҳинд, ҳамлаи низомиёни ҳиндӣ ва ҳиндуҳои ифротӣ ба мусулмонон боиси марги 50 нафар ва захмӣ шудани беш аз 400 нафар шуд.

Бархе мусулмонон дар ин ҳодисаи даҳшатнок зинда зинда дафн шуданд ва мавҷе аз ваҳшат дар саросари Ҳинд ба роҳ афтод.

 

Барчасп