Шуюи бештари корона дар зимистон таъйид шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i55262-Шуюи_бештари_корона_дар_зимистон_таъйид_шуд
Таҳқиқоти нав таъйид мекунад сармои зимистон густариши вируси коронаро афзоиш медиҳад.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Июл 09, 2020 05:29 Asia/Dushanbe
  • Шуюи бештари корона дар зимистон таъйид шуд

Таҳқиқоти нав таъйид мекунад сармои зимистон густариши вируси коронаро афзоиш медиҳад.

Ба гузориши Ҳамшаҳри онлайн , Форс ба нақл аз Дели Мел навиш ; донишмандон дар охирин мутолиаҳои худ дарёфтанд дамои сардтар дар зимистон ба афзоиши шуюи Кувиди 19 сабаб мешавад.

Коршиносони Ҳиндустон дамои теъдоде аз кишварҳо ва мавориди вируси коронаи онҳоро бо якдигар муқоиса карданд ва дарёфтанд ,ки кишварҳои сардтар маъмулан шуюи вирус дар миқёси бузргтарро шоҳид будаанд.

Пужуҳишгарон таъкид мекунанд тобистон муносибтарин фасл ва замон барои мубориза бо ҳамагирии бемории Кувиди 19 аст.

Муҳақиқони  Ҳинд робитаи байни миёнгини дамои як кишвар ва теъдоди мавориди мубтало ба Кувиди 19ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Онҳо иртиботи қобили таваҷуҳе байни кишварҳои бо дамои сардтар ва шуюи вирус масири корона дар миқёси бузургтар пайдо карданд.

Муҳақиқони ҳиндӣ додаҳои марбут ба ин пажуҳишро аз охири моҳи март то миёнаҳои апрел ҷамовари карданд ва дар ниҳоят дарёфтанд кишварҳое ,ки дорои тул ва арзи ҷуғрофиёи болотар дорои обуҳавои сардтаре ҳастанд , ба таври қобили таваҷуҳе беш аз дигар кишварҳо бо шуюи бемории Кувиди 19 дасту панҷа нарм мекунанд.

Донишмандон хотирнишон карданд ; ҳамаи ин мушоҳидаҳо ҳоки аз он аст ,ки дамои поин мункин аст як омили хатар барои афзоиши мавориди ибтило ба вируси корона бошад.

Онҳо афзуданд ; бо ин ҳол дар ҳоли ҳозир ин мутолиа қодир ба тавзеҳи ин ,ки чигуна бархе аз кишварҳои сард масир бо олудагии бештари корона рӯ ба рӯ нашудаанд ,нест ва ба баррасиҳои бештаре иҳтиёҷ аст то аз ҷузиёти шуюи корона ба даст ояд.