Июл 10, 2020 17:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Чин ба Амрико дар бораи таҳримҳои ҷадид алайҳи Пекин

Чин дар вокуниш ба таҳримҳои ҷадиди Амрико, мақомот, созмонҳо ва шаҳрвандони амрикоиро ба иқдомоти талофиҷӯёна таҳдид кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ҷоу Ли Ҷян, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба таҳримҳои ҷадиди Амрико зидди як ниҳод ва чаҳор мақоми пешин ва кунунии Чин ба баҳонаи нақзи ҳуқуқи башар дар минтақаи худмухтори Синкиёнг гуфт, ин иқдоми Вашингтон, мудохилаи ҷиддӣ дар умури дохилии Чин аст.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин афзуд, ин иқдомоти Амрико ба шиддат барои равобити дуҷониба зиёнбор аст.

Дахолатҳои Амрико дар умури Гонконг, Тайван, Синкиёнг ва ҳамчунин иттиҳом задан ба Чин дар бораи густариши вируси корона боис шуда то равобити Пекин ва Вашингтон тиратар аз гузашта шавад.

 

Барчасп