Июл 13, 2020 15:07 Asia/Dushanbe
  • Каламард:Террори сипаҳбуд Сулаймонӣ қатли худсарона аз ҷониби Амрико буд

Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳавзаи террорҳои ғайриқонунӣ ва худсарона, террори фармондеҳи баландпояи эрониро қатли худсаронае донист, ки Вашингтон масъули он аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аагнес Каламард дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Алмаёдин афзуд: Амрико бо террори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, Маншури Миллали Муттаҳидро поймол кард.

Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид афзуд: Муътақидам Амрико дар исботи ин ки ҳамлаи ин кишвар дифоъ аз худ будааст низ шикаст хурд.

Каламард таъкид кард Амрико бо террори сардор Сулаймонӣ асли ҳоким бар равобити байналмиллалӣ ва ҳуқуқи байналмиллалиро хадшадор кард.

Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид зимни ибрози нигаронӣ аз даргирифтани ҷанг ба далели иқдомоте аз қабили террори шаҳид Сулаймонӣ гуфт: Агар масъуле монанди вай дар яке аз кишварҳои ғарбӣ ҳадафи чунин ҳамлае қарор мегирифт, он кишвар ин иқдомро эълони ҷанг таъбир мекард.

Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, ки рӯзи ҷумъа севуми январи 2020 ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис- фармондеҳи ироқӣ ва ҳашт нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовизи амрикоӣ ба фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расид.

 

Барчасп