Октябр 06, 2016 19:03 Asia/Dushanbe
  • Пасларзаҳои табаддулот - муаллақ мондани кори 500 низомии дигар дар Туркия

Бо гузашти беш аз ду моҳ аз табаддуолти Туркия мавҷи барканориҳо дар ин кишвар ҳамчунон идома дорад.

Расонаҳои Туркия аз таълиқи хидмати беш аз 500 нафар аз низомиёни ин кишвар ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷунбиши Ҳизмет ба раҳбари Фатҳуллоҳ Гулен хабар доданд.  Ба гузориши хабаргузории "Дуған", мақомоти Туркия беш аз 500 низомиеро, ки бештари онҳо афсари нерӯҳои ҳавоӣ ва баҳрии артиши ин кишвар буданд, ба иттиҳоми иртибот бо Ҷунбиши "Ҳизмет" аз кор таълиқ кардаанд.

Пулиси Туркия рӯзи гузашта низ дар 31 вилояти ин кишвар 55 тан аз нерӯҳои низомӣ ва иттилоотиро ба иттиҳоми вобастагӣ ба ҷунбиши Гулен ва ҳамкорӣ дар барномарезӣ барои кудатои 15 июл боздошт кард.

Давлати Анкара Фатҳуллоҳ Гулен ва тарафдорони ӯро ба нуфуз дар дастгоҳҳои давлатӣ, ташкил ҳукумати баробар (параллел) ва барномарезӣ барои табаддулоти нофарҷоми 15 июл муттаҳам мекунад. Мақомоти ин кишвар дар пайи ин табаддулот поксозии густурдаи тарафдорони Гуленро дар бахшҳои давлатӣ, артиш, ниҳодҳои додгоҳӣ, омӯзишӣ ва иқтисодӣ оғоз кардаанд.