Июл 20, 2020 14:54 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Амрико аз густариши равобити Эрон ва Чин

Телевизиони Чин бо интиқод аз ҳамлаи расонаҳои ғарбӣ ба ҳамкориҳои Теҳрон - Пекин гуфт: Давлати Амрико аз тавсеаи равобити Эрон ва Чин бисёр нигарон ва ҳаросон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, телевизиони Чин бомдоди рӯзи душанбе густариши равобит миёни Теҳрон ва Пекинро зарбае муҳкам ба ҷойгоҳи Амрико дар Ғарби Осиё донист.

Телевизиони Чин таъкид кард, расонаҳои ғарбӣ беҳтар аст ба ҷои ҳаросафканӣ аз густариши ҳамкориҳои Теҳрон ва Пекин, дар бораи сиёсатҳои тавсеаталабонаи давлати Амрико, ки барои миллатҳо ба вижа мардуми Эрон мушкилоти фаровоне эҷод карда ва низ дар бораи ҷангафрӯзиҳои Амрико дар Сурия ва Ироқ, хориҷ шудани якҷонибаи Вашингтон аз БАРҶОМ ва таҳрими кишварҳо бинависанд.

Телевизиони Чин хотирнишон кард: Рӯзномаи Нию-Йорк-Таймз аз ончи "ҳамкориҳои роҳбурдии низомӣ ва тиҷории Эрон" номидааст, ба унвони «роҳбурде муқобилаҷӯёна» дар баробари давлати Амрико ёд мекунад ва мекӯшад то ҷомеаи байналмиллалиро битарсонад.

Ин расонаи тасвирии чинӣ бо ишора ба ҷойи хеле аз масоил дар гузориши рӯзномаи Нию-Йорк-Таймз афзудааст: Мушкилоте, ки Амрико бо таҳримҳояш барои давлат ва миллати Эрон ба вуҷуд овардааст, ки ҳатто аз чашми дидабон ҳуқуқи инсон ҳам пинҳон намонда, дар ин гузориш наомадааст.

 

Барчасп