Июл 23, 2020 12:26 Asia/Dushanbe
  • Пампео Эронро ба талош барои дахолат дар интихоботи Амрико мутаҳам кард

Вазири хориҷаи Амрико мудаи шуда Эрон мумкин аст бихоҳад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар моҳи ноябр дахолат кунад.

Ба гузориши радиои бурнмарзии Садои Хуросон , Майк Пампео вазири умури хориҷаи Амрико дар муҳосибае бори дигар Эронро ба эҳтимоли балош барои дахолат дар интихоботи Амрико мутаҳам кардааст.

Пампео дар мусоҳиба бо ин рӯзнома гуфта  итминон дорад интихоботи раёсати ҷумҳурӣ моҳи ноябр дар Амрико бедахолати кишварҳои назири Чин , Русия ва Эрон баргузор хоҳад шуд.

Вазири умури хориҷаи Амрико гуфт ; фикр мекунам мо ҳамаи талошамонро ба кор гирифтаем то мутмаин шавем аз омодагии лозим барои муқобила бо амалиётҳои дуруғпарокание ,ки мумкин аст иттифоқ биафтанд бархурдорем.

Вашингтон таймз навишта Пампео ишорае ба иқдомҳои давлати Амрико дар ин замина накардааст.

Пампео дар бахши дигаре аз суханонаш гуфт ; дар ҳоли ҳозир мо 100 рӯз боинтихоботи моҳи ноябр фосила дорем. Бозигарони бад аз Эрон ва Чин ва ҳамчунин бозигарони мутахосими ғайридавлатӣ мумкин аст бихоҳанд фаолиятҳое барои дахолат ( дар интихобот ) анҷом диҳанд.

Ахиран чанд намояндаи Маҷлиси Санои Амрико тарҳе ироа кардаанд ,ки хостори пешгири аз дахолати иддаоии кишварҳои Чин , Русия ва Эрон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико аст.