Роҳи оҳани Хоф то Ҳароти Афғонистон дар ҳоли такмил аст
(last modified Tue, 28 Jul 2020 08:40:29 GMT )
Июл 28, 2020 13:40 Asia/Dushanbe
  • Роҳи оҳани Хоф то Ҳароти Афғонистон дар ҳоли такмил аст

Сухангӯи раиси вилояти Ҳарот дар ғарби Афғонистон гуфт: Сохти қитъаи се роҳи оҳани Хофи Эрон то Ҳарот дар ҳоли такмил аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ҷилонӣ Фарҳод афзуд: Сохти роҳи оҳани Ҳарот- Хоф барои иқтисоди Афғонистон ва дар ниҳояти минтақа бисёр муҳим аст.

Сухангӯи волии Ҳарот афзуд: Сохти қитъаи чаҳоруми ин роҳи оҳан, ки аз шаҳристони Ғуриёни вилояти Ҳарот то шаҳраки саноатии Ҳарот идома дорад, ба зудӣ оғоз хоҳад шуд.

Муҳаммад Сиддиқифар- сарконсули Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҳарот ҳам, ки ба ҳамроҳи волии Ҳарот аз раванди сохти роҳи оҳани Хоф то Ҳарот боздид кардааст гуфт, бо баҳрабардории ин пружа аз мизони равуои зиёди мошинҳои боркаш аз марзи Дуғорун кам мекунад.

Бар асоси ин гузориш, 77 километри ин масири райлӣ дар дохили Эрон ва 114 километри он дар дохили Афғонистон имтидод хоҳад ёфт ва ҳазинаи сохти ин роҳи оҳан 87 миллион доллар баровард шудааст.

Қарор аст се қитъаи нахусти ин роҳи оҳан ҳудуди чаҳор моҳи дигар ба баҳрабардорӣ бирасад.