Эътирози Русия ба насби намоди ҳамҷинсгароӣ дар Сафоратхонаи Амрико
(last modified Tue, 28 Jul 2020 14:16:31 GMT )
Июл 28, 2020 19:16 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Русия ба насби намоди ҳамҷинсгароӣ дар Сафоратхонаи Амрико

Намояндаи Думаи Русия гуфт, ки Маскав ба сурати расмӣ ба насби намоди ҳамҷинсгароӣ бар сардари Сафорати Амрико, Англия ва Канада эътироз кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Василий Пескарёв раиси комиссияи расидагӣ ба мавориди мудохилаи хориҷӣ дар умури дохилии Думаи Русия рӯзи душанбе гуфт: Вазорати умури хориҷаи Русия ёддошти эътироз ба сафоратхонаҳои Амрико, Англия ва Канада ба сабаби насби намоди ҳамҷинсгароён бар сардари ин сохтмонҳо ирсол кард.

Ба гуфтаи ин намояндаи Думаи Русия, дар ёддоштҳои эътироз гуфта шуда буд, ки ин сафоратхонаҳо бо иқдомоти худ моддаи конвенсияи Вена дар мавриди равобити дипломатӣ ва қонунҳои миллии Русияро нақз кардаанд.

Гуфтани аст Сафорати Амрико дар охирҳои моҳи июн дар ду навбат намоди ҳамҷинсгароӣ бар намои сохтмони худ насб кард ва Англия ва Канада низ ба пайравӣ ба Амрико ин намодро бар фарози сафорати худ дар Маскав барафроштанд.

Ин иқдоми кишварҳои ғарбӣ ҳамзамон бо баргузории ҳамапурсии ислоҳи қонуни асосӣ дар Русия сурат гирифт, ки дар он издивоҷ амри миёни зан ва мард лиҳоз шудааст ва ба иборати дигар, издивоҷ миёни ду ҳамҷинс дар русия маъно надорад ва суҳбат аз он хилофи қонуни асосии Русия аст.

Ин ҳамапурсии аксарияти овоздиҳии шаҳрвандони Русияро ба даст овард ва беш 70 дар сади русҳо аз он истиқбол карданд.

Ҳар гуна таблиғи ҳамҷинсгароӣ дар Русия 16 ҳазор то 160 ҳазор доллар ҷарима дар пай хоҳад дошт.

Президенти Русия Владимир Путин чанде пеш дар посух ба ин пурсиш, ки ба назараш чаро амрикоиҳо парчами ҳамҷинсгароёнро бар сари дари сохтмони худ барафроштанд, посух дод, ки онон талош доштанд ба русҳо ёдоварӣ кунанд, ки чи касоне дар он сохтмонҳо машғули кор ҳастанд!