Мақоми чинӣ ваксинаи коронаро рӯи худ озмоиш кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i55906-Мақоми_чинӣ_ваксинаи_коронаро_рӯи_худ_озмоиш_кард
Раиси Маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳои Чин, ваксинаи зидди коронаи сохти ин кишварро рӯи худ озмоиш кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 29, 2020 10:56 Asia/Dushanbe
  • Мақоми чинӣ ваксинаи коронаро рӯи худ озмоиш кард

Раиси Маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳои Чин, ваксинаи зидди коронаи сохти ин кишварро рӯи худ озмоиш кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, доктор Гао Фу сешанбешаб дар як конфронси онлайн дар ҷамъи хабарнигорон эълом кард ин иқдомро бо ҳадафи ташвиқи мардум ва омодасозии зеҳнии онон барои истифода аз ваксина анҷом додааст.

Ин мақоми чинӣ изҳори умедворӣ кард кишвараш то тирамоҳ ба ваксинаи зидди корона даст ёбад.

Гузоришҳо ҳокӣ аст Чин бо ширкатҳои амрикоӣ, русӣ ва британияӣ барои дастёбӣ ба нахустин ваксинаи корона дар ҷаҳон рақобат мекунад.

Cинуформ ва Cинувок ду ваксинаи сохти Чин аст, ки ба тартиб дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Бразилия вориди марҳилаҳои ниҳоии озмоиш шудааст, зеро коҳиши шумори мубталоён дар Чин кори озмоиши ваксинаро дар дохили кишвар барои донишмандон душвор кардааст.

Дар ҳоли ҳозир тибқи гуфтаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 13 ваксина дар саросари ҷаҳон дар ҳоли сохт аст.