Июл 31, 2020 20:42 Asia/Dushanbe
  • Табрики Путин ба мусулмонони Русия ба муносибати иди Қурбон

Раисҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа дар паёме, ки дар хутбаи намози иди Қурбони масҷиди ҷомеи Маскав қироат шуд, ин идро ба мусулмонони кишвараш табрик гуфт.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин дар паёми худ афзуд, иди Қурбон намоди арзишҳои олии дурусткорӣ, адолат, утуфат, муҳаббат ба наздикон аст, ки аркони Қуръони каримро ташкил медиҳад.

Вай афзуд, мусулмонон бо пайравӣ аз суннатҳои олии исломӣ, саҳми бузурге дар ҳифзи танаввӯи фарҳангии Русия доранд ва ба таҳкими созиш байни мазоҳиб дар ҷомеа кумак мекунанд.

Намози иди Қурбон имрӯз- ҷумъа дар масҷиди ҷомеи Маскав ба имомати Равил Ғайнутдин, раиси Шӯрои муфтиёти Русия ва бидуни ҳузури мардум баргузор шуд, ки ба сурати онлайн пахш шуд.

 

 

 

 

Барчасп