ДОИШ масъули ҳамла ба зиндони Ҷалолободи Афғонистон
(last modified 2020-08-03T02:44:03+00:00 )
Август 03, 2020 07:44 Asia/Dushanbe
  • ДОИШ масъули ҳамла ба зиндони Ҷалолободи Афғонистон

ДОИШ масъулияти ҳамла ба зиндони марказии вилояти Нангарҳор дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистонро бар уҳда гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ториқ Ориян- сухангӯи Вазорати умури дохилаи Афғонистон якшанбешаб ба рӯзномаи 8 субҳ чопи Кобул гуфт, ки дар ин ҳамла се нафар кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд.

Бо ин ҳол бархе манобеи дигар аз кушта шудани 14 тан ва захмӣ шудани 16 нафар хабар додаанд.

Хабаргузории Аъмоқ вобаста ба гуруҳи террористии ДОИШ, соате пас аз ин ҳамла эълом кард, ки авомили вобаста ба ин гуруҳ ҳамларо анҷом додаанд.

Бар асоси гузориши манобеи хабарии Афғонистон, ҳамла соати 18 ва 30 дақиқаи аср бо як худрави бомбгузоришуда оғоз шуд ва пас аз он муҳоҷимони мусаллаҳ бо муҳофизони зиндон даргир шуданд.

Гуруҳи Толибон дар иттилоияе даст доштан дар ин ҳамларо рад кардааст.

 

Барчасп