Август 03, 2020 10:29 Asia/Dushanbe
  • Хашми  Амрико аз тавофуқи роҳбурдии Эрон ва Чин

Вазири умури хориҷаи Амрико якшанбешаб аз тасмими Чин барои имзои санади ҳамкориҳои ҷомеъ бо Эрон ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Майк Помпео бо ибрози нохурсандӣ аз ин тасмими Чин ба Пекин дар заминаи тавофуқи тиҷорӣ бо Эрон ҳушдор дод ва гуфт, таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон шомили ҳар ширкати чинӣ, ки бо Теҳрон ҳамкорӣ кунад низ мешавад.

Вазири умури хориҷаи Амрико дар идома бо иттиҳомзанӣ ба Эрон муддаӣ шуд ҳамкории роҳбурдии Чин бо Эрон боиси бесубот шудани минтақаи Ғарби Осиё хоҳад шуд.

Барномаи ҳамкориҳои ҷомеи Эрон ва Чин, ки дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст, ин рӯзҳо ба яке аз нигарониҳои аслии мақомҳои Амрико табдил шудааст.

Пешнависи барномаи 25 солаи ҳамкориҳои ҷомеи Эрон ва Чин чанде пеш ба тасвиби ҳайати давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон расид ва Вазорати умури хориҷаи Эрон маъмури анҷоми иқдомоти ниҳоӣ то имзои ин санад бо тарафи чинӣ шуд.

Ин санад ҳавзаҳои мухталиф аз ҷумла сиёсӣ, амниятӣ, дифоъӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ, илмӣ, ҷаҳонгардӣ, нафту энержӣ, зерсохтҳои мухобиротӣ ва фановарии иртиботот, тиҷорат, беҳдошт ва саломатро шомил мешавад.

 

Барчасп