Август 03, 2020 18:42 Asia/Dushanbe

Пас аз шуруъи оташсӯзии густарда дар кӯҳҳои шарқи Лос-Анжелес воқеъ дар иёлоти Калифорния, ҳазорон нафар маҷбур ба тарки хонаҳои худ шуданд.

Токунун ҳудуди ҳазор нафар аз аҳолии минтақаи Риверсайди Амрико маҷбур ба тарки хонаҳои худ шудаанд. Ин оташсӯзӣ, ки аз рӯзи ҷумъа оғоз шуда, ҳудуди 60 километр мураббаъ аз заминҳои дорои буттазор ва дарахтони ҷангалиро тӯъмаи худ кардааст.