Август 04, 2020 13:55 Asia/Dushanbe
  •  Истифои вазири хориҷаи Лубнон ; даври нави коршиканӣ алайҳи Ҳисон Диёб

Насиф Ҳиттӣ вазири хориҷаи Лубнон рӯзи гузашта ( севвуми август ) аз симати худ истифо дод. Мишел Ун раиси ҷумҳурӣ ва Ҳисан Диаб , нахуствазири Лубнон зимни пазириши ин истефо , Шарбел Ваҳабӣ ро ба унвони вазири умури хориҷаи нави ин кишвар муарифӣ карданд.

Пурсиши муҳим ин аст ,ки чаро Насиф Ҳиттӣ аз симати худ истифо дод %

Дар ин хусус се хониш вуҷуд дорад.

Хониши нахуст , чизе аст , ки худи Носиф Ҳиттӣ , вазири умури хориҷаи барканоршудаи Лубнон матраҳ кардааст.

Ҳаттӣ дар баёнияи истифои худ иддао кард ба иллати набуди чашмандози миллӣ ва иродаи созанда барои анҷоми ислоҳот матлуб ва мавриди назари ҷомиаи байналмилалл , истифои худро тақдими нахуст вазири ин кишвар кард. Ин иддао дар ҳоле аст ,ки коршикании хориҷӣ ва дохилӣ алайҳи давлати Лубнон аз ҳамон нахустин рӯзҳои оғоз ба кори давлат оғоз шуд.

Дидгоҳи дуввум , этирози Насиф Ҳаттӣ ба нуфузи Ҷаброн Босил вазири пешини Лубнон ва дахолати вай дар кори вазири хориҷаи мустаафи аст. Ҷабарон Босил , раиси масеҳии Ҷараёни миллии озод ва вазири хориҷаи давлати мустаафи Саъд Алҳарирӣ аст.

Дидгоҳи севвум , рафтори таҳқиромези Ҷон Луес Ли Дерион вазири хориҷаи Фаронса дар сафари ахир ба Лубнон аст. Ли Дерон сафари се рӯза ба Лубнонро 22 то 24 июн анҷом дод. Вай дар  изҳор назари ғайри дипламатӣ дар ин сафар гуфт ; авзои Лубнон бисёр хатарнок аст. Бояд ислоҳоте иҷро шавад. Ин паёме аст ,ки ман ҳомили он ҳастам ва ин хостаи ҷомиаи байналмилалл аст.

Нуктаи муҳим ин аст ,ки истифоиНасиф Ҳаттӣ бо ҳадафи таъсиргузорӣ бар давлати Ҳисон Диёб анҷом шуд. Давлати Диёб дар шароите аз моҳи феврали 2020 фаолияти худро шуру кард ,ки аз як су ҷараёни ғарбгаро дар Лубнон ва дар Парлумони ин кишвар дар ҷаласаи райи эътимод ба кабина ширкат накарданд ва аз суи дигар , меҳвари ғарбӣ ба раҳбарии Амрико ва Фаронса , меҳвари арабӣ ба хусус Арабистон ва Иморот ва ҳамчунин режими Саҳюнистӣ бо нахуст вазирии Диёб ва кабинаи вай мухолифати сариҳ ва ҷиддӣ доранд.

Таи 6 моҳе ,ки аз умри давлати Ҳисон Диёб мегзарад , Ҷараёни ғарбгарои дохили Лубнон ва мухолифони хориҷӣ коршиканиҳои зиёде алайҳи давлат анҷом доданд то заминаи суқути онро фароҳам кунанд. Дар чанд навбат тазоҳурот алайҳи давлати Диёб шакл гирифт ва нахуст вазири Лубнон низ сариҳан аз нақши нуфузиҳои дохилӣ дар тазоҳурот ва нооромиҳои ин кишвар сухан гуфт.

Ба назар мерасад истифои Ҳаттӣ ҳам дар идомаи киршиносиҳо алайҳи давлати Диёбаст. Баёнияи истифои Ҳиттӣ низ алайҳи давлати Диёб буд ва вай далели истифои худро чунин эълон кард ; адами тавоноӣ дар анҷоми вазоиф дар замони барҳаи таърихӣ ва сарнавиштсози кунунии Лубнон иллати истифо будааст.

Нуктаи поёни ин ,ки пазириши истифои Ҳиттӣ ва муарифии Шербел Ваҳаба дар кӯтоҳтарин замон нишон медиҳад Мишел Ун , раиси ҷумҳурб ва Ҳисон Диёб , нахуст вазири Лубнон , худро барои сенарияҳои мухолифон омода кардаанд.