20 кушта дар сониҳаи суқути ҳавопаймо дар Ҳинд
Шумори қурбониёни ҳодисаи суқути як ҳавопаймо дар иёлати ҷанубии Кроло дар Ҳинд ба 20 тан афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА; як ҳавопаймои мусофирбарии Боинг 737 хатти ҳавоии "Эйр Индия Експрес"-и Ҳинд бо 191 мусофир, шомгоҳи ҷумъа ҳангоми фуруд дар фурудгоҳи байналмиллалии «Каликат» дар иёлати «Кроло» дучори ҳодиса шуд.
Дар ин сониҳа беш аз 140 мусофир маҷруҳ шуданд, ки ҳоли 22 тани онҳо вахим гузориш шудааст.
Ин ҳавопаймо барои интиқоли шаҳрвандони ҳиндие, ки ба далели шуйюи корона дар Аморот гирифтор шуда буданд аз Дубай озими Ҳинд шуда буд.
Ҳордип Синг Пурӣ- вазири ҳавопаймоии Ҳинд дар мавриде иллати вуқуъи ин ҳодиса гуфт: Ба далели борандагӣ ва лағзанда будани сатҳи бонди фурудгоҳ, ин ҳавопаймо натавонист ба мавқеъ мутаваққиф шавад ва бо лағзиш аз маҳдудаи бонд ба дохили як канал дар наздикии фурудгоҳ суқут кард ва ба далели шиддати бархурд, ду қитъа шуд.
Ба гуфтаи мақомоти ҳиндӣ, ҷаъбаи сиёҳи ин ҳавопаймо пайдо шуда ва талошҳо барои рамзгушоии он ва мушаххас шудани иллати дақиқи ин ҳодиса оғоз шудааст.