Эъломи пирӯзии Лукашенко ва эътирози мухолифон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56305-Эъломи_пирӯзии_Лукашенко_ва_эътирози_мухолифон
Бо эъломи расмии натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус ва пирӯзии Лукашенко, муътаризон ба хиёбонҳо рехтанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 10, 2020 06:54 Asia/Dushanbe
  • Эъломи пирӯзии Лукашенко ва эътирози мухолифон

Бо эъломи расмии натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус ва пирӯзии Лукашенко, муътаризон ба хиёбонҳо рехтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, шашумин интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус дар ҳоле шомгоҳи якшанбе бо тадбирҳои шадиди амниятӣ поён ёфт, ки пас аз овозгирӣ эълом шуд Александр Лукашенко бо касби 80 дарсади овозҳо бо фосилаи зиёд нисбат ба рақибонаш шашумин бор бар маснади қудрат дар Беларус такя хоҳад зад.

Пас аз эъломи натиҷаи интихобот, маъмурони полиси вижаи Беларус дар майдони Пабда дар маркази Минск бо садҳо муътариз бархурд карда ва аз иҷтимоъи онҳо дар ин майдон ҷилавгирӣ карданд.

Гурӯҳе аз мухолифони давлати Беларус ҳам дар наздикии меҳмонхонаи Беларус ва кохи рёсатҷумҳурӣ иҷтимоъ карданд, ки маъмурони амниятӣ, муътаризонро ронданд.

Светлана Тихановская- номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки камтар аз 9 дарсади овозҳоро касб карда ва Мария Колсникова аз раҳбарони мухолифони давлати Беларус эълом кардаанд, ки қасди тарки кишварашонро надоранд.

Рӯзи якшанбе Александр Лукашенко дар ҷамъи хабарнигорон ҳозир шуд ва ҳушдор дод мухолифон дар сурати талош барои бесубот кардани кишвар, бо посухи муносиб мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Беларус кишваре кучак дар ғарби Русия аст, ки ҳамвора ба сурати суннатӣ равобити бародарона бо Кремлн дошта, аммо дар як соли гузашта, раиси ҷумҳури ин кишвар ба думболи беҳбуди равобит бо ғарб аст ва пас аз солҳо иҷозаи бозгушоии сафорати Амрико дар ин кишварро содир кард.

Ду ҳафта пеш мақомоти амниятии Беларус 33 шаҳрванди Русияро ба иттиҳоми талош барои иқдомоти низомӣ дар Минск боздошт карданд то равобити Маскав ва Минск тира шавад.