Август 10, 2020 14:41 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи интихоботии Трамп: Тавофуқ бо Эрон дар чаҳор ҳафта

Раиси ҷумҳури Амрико дар ҷамъи хусусии ҳомиёни худ эълом кардааст, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи ноябр, зарфи чаҳор ҳафта ба тавофуқе бо Эрон даст меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, торнамои app.com вобаста ба рӯзномаи "USA Today"  навишт маҳфили хусусии ҳомиёни Трамп дар шаҳри Лонг Бранч-и иёлати Нюҷерсӣ ташкил шуда буд ва ҳадаф аз он ҷамъоварии кумаки молӣ барои Ситоди интихоботии Доналд Трамп буд.

Ба навиштаи app.com,  гирдиҳамоии рӯзи якшанбе дар манзили яке аз ҳомиёни Трамп, ки ба тозагӣ дар асари бемории КОВИД-19 даргузашта буд, баргузор шуд.

Дар филме, ки расонаи Ҷуиш Инсайдер аз ин меҳмонӣ мунташир кардааст Трамп ба ҳомиёни худ ваъда медиҳад дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи севуми ноябр, зарфи чаҳор ҳафта ба тавофуқе бо Эрон даст ёбад.

Трамп ҳудуди ду моҳ пеш дар гирдиҳамоии интихоботии худ дар шаҳри Талса дар иёлати Оклаҳама низ гуфта буд қасд дорад як тавофуқи хеле сареъ ва беҳтарин тавофуқи мумкинро (бо Эрон) ба даст оварад.

Мақомоти Эрон борҳо таъкид кардаанд ҳеҷ музокирае бо Трамп дар кор нахоҳад буд ва Амрико бояд ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон боз гардад.

 

Барчасп