Август 11, 2020 09:18 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Пекин ба иттиҳоми Амрико зидди Чин, Русия ва Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин, иттиҳоми Амрико зидди Русия, Эрон ва Чин бар асоси дахолат дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2020-и Амрикоро рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҷао Ли Ҷиян рӯзи душанбе дар вокуниш ба иттиҳоми Амрико зидди Чин, Эрон ва Русия  бар асоси дахолат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико гуфт: Ин интихобот масъалае дохилӣ аст ва Пекин ва дигарон ҳаргиз дар он мудохила накарда ва нахоҳанд кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин афзуд: Ин Амрико аст, ки дар умури дохилии Чин ва дигар кишварҳо дахолат мекунад.

Раберт Обраян- мушовири амнияти миллии Кохи Сафед ба тозагӣ иддао карда, ки Чин, Эрон ва Русия дар интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурии Амрико дахолат мекунанд, иддаое, ки кизби маҳз аст.

 

Барчасп