Август 11, 2020 09:46 Asia/Dushanbe
  • Фаочӣ: Ваксинаи корона ҳадди аксар то 75 дарсад муассир хоҳад буд

Антонӣ Фаочӣ, раиси муассисаи миллии алержӣ ва бемориҳои сироятии Амрико бо ибрози хушбинӣ дар мавриди тавлиди ваксинаи корона дар авохири соли 2020 ё аввалҳои соли 2021 эълом кард, ки мизони таъсиргузории ин ваксина эҳтимолан 70 то 75 дарсад хоҳад буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Антонӣ Фаочӣ дар мавриди сатҳи интизороти мардумӣ ба таъсиргузории ҳар ваксинаи тавлидӣ ҳушдор дод ва афзуд: Шанси дастёбӣ ба ваксина ва таъсиргузории 98 дарсадии он зиёд нест ва ин бидон маъно аст, ки набояд рӯйкарди риояти беҳдошти умумиро раҳо кард.

Раиси муассисаи миллии алержӣ ва бемориҳои сироятии Амрико пештар ҳам гуфта буд, ки баид аст ваксина эминии 100 дарсадӣ эҷод кунад ва беҳтарин натиҷаи воқеъбинона дар мавриди таъсиргузории ваксина, 70 то 75 дарсад аст.

Фаочӣ бар задани ниқобак, риояти фосилаи иҷтимоӣ ва дурӣ аз ҳузур дар маконҳои шулуғ таъкид кард ва гуфт: Агар ин корро анҷом диҳем, он вақт ваксинаҳо муассир воқеъ мешавад.