Август 11, 2020 16:12 Asia/Dushanbe
  • Путин: Русия ба ваксинаи Ковид-19 даст ёфт

Раиси Ҷумҳурии Русия аз дастёбии кишвараш ба ваксинаи Ковид -19 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Владимир Путин рӯзи сешанбе гуфт: Русия нахустин кишвари ҷаҳон аст, ки муваффақ ба сабти ваксинаи Ковид-19 шудааст.

Путин гуфт духтари худи ӯ ҷузви касоне аст, ки ваксинаи Ковид-19 ба вай тазриқ шудааст.

Нахустин ваксинаи Ковид-19 дар якҷоягӣ бо Институти таҳқиқотии Гамалия ва Вазорати мудофиаи Русия 18 июн таҳия шудааст.

Вазорати дифои Русия чанд рӯз пеш эълон кард, ки ҳамаи 38 ихтиёриёне, ки ваксина гирифтаанд, бар зидди 19 бемории Ковид эм карда шудаанд.
 

Барчасп