Август 12, 2020 12:13 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии Ҳаррис ба унвони муовини Бойден дар интихоботи 2020-и Амрико

Ҳамон гуна, ки пешбинӣ мешуд, Ҷо Бойден, номзади пештози демократҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2020 Амрико, сенатори демократ Камала Ҳаррис(Kamala Harris)-ро ба унвони номзади симати муовинати раёсатҷумҳурӣ, муаррифӣ кард.

Бо ин тасмим, Ҷо Бойден ва Камала Ҳаррис, бояд дар рӯзи сеюми ноябр ба масофи Доналд Трамп ва Майк Пенс, номзадҳои Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интхоботи пеши рӯ бираванд.

Ҳаррис, сеюмин зан дар таърихи Амрико аст, ки шонси худро барои нишастан бар курсии муовинати раёсатҷумҳурии Амрико меозмояд. Вай дар айни ҳол, нахустини зани африқоитабор ва нахустин зани осиёитабор аст, ки аз сӯи яке аз ду ҳизби бузурги Амрико, барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, муаррифӣ мешавад. Табори Камала Ҳаррис, аз тариқи падар ямайкаӣ ба Африқо ва аз тариқи модар ҳиндӣ ба Осиё мерасад. Бо таваҷҷуҳ ба чунин табори мутанаввеи хонаводагӣ, муаррифии Ҳаррис, аз сӯи Бойден, мавқеияти номзади демократҳо дар миёни занон, африқоитаборҳо, осиёитаборҳо ва дигар гурӯҳҳои нажодӣ ва қавмиятӣ дар Амрикоро тақвият мекунад. Ҳамчунин Ҳаррис, бо 55 сол син дар муқоиса бо Бойдени 77 сола, фарди миёнсол ба шумор меояд. Порометри син барои муовини Бойден аз ин ҷиҳат аҳамият  дорад, ки вай дар сурати роҳёбӣ ба Кохи Сафед дар зумраи пиртарин раисони ҷумҳурии Амрико қарор мегирад ва эҳтимолан дар соли 2024 қодир нахоҳад буд дар 82 солагӣ барои бори дувум дар рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат кунад. Аз ин рӯ, Ҳаррис, ба унвони муовин иэҳтимолии раёсатҷумҳурӣ, аз шонси зиёде барои пирӯзӣ дар интихоботи 2024 бархӯрдор хоҳад буд.

Албатта ҳанӯз роҳи душворе пеши рӯи тими Бойден - Ҳаррис, аст то бо ғалаба бар тими Трамп - Пенс, роҳии Кохи Сафед шаванд. Бо вуҷуди буҳронҳои амиқи ношӣ аз шуюи вируси куруно, бекории густурда ва даргириҳои васеи нажодӣ дар Амрико, ҳанӯз пирӯзии демократҳо бар ҷумҳурихоҳон қатъӣ нест. Шахсияти ғайри таҳоҷумии Бойден, маъракаи камравнақи демократҳо ва бархе заъфҳо дар корномаи Ҳаррис, сабаб шудааст то бо вуҷуди бартарии чашмгири демократҳо дар назарсанҷиҳо, пирӯзии онон дар интихобот қатъӣ қаламдод нашавад.

Ҳамчунин интизор меравад дар рӯзҳои оянда, муҳофизакорон ҳамалоти шадидеро алайҳи Ҳаррис, ба роҳ андозанд. Бо ин ҳол Трамп дақоиқе пас аз эъломи хабари муаррифии Ҳаррис, ба унвони муовини Бойден, ҳамалоти худро оғоз кард. Вай Ҳаррисро фарде заъиф тавсиф кард, ки дар пайи афзоиши молиётҳо, коҳиши буҷаи дифоӣ ва нобудии нерӯҳои пулис аст, мавзӯоте, ки барои муҳофизакорони амрикоӣ ҳоизи аҳамият аст. Ҳамчунин пешбинӣ мешавад, амалкарди Ҳаррис, дар самтҳои қазоӣ дар иёлати Калифорния, дар конуни таваҷҷуҳи рақибони ҷумҳурихоҳ қарор гирад, бавижа ин, ки гуфта мешавад, бархе аз аҳкоми содираии сӯи вай, алайҳи сиёҳпӯстон ва рангинпӯстон будааст.

Ба ҳар ҳол, то замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ҳудуди 80 рӯз боқимондааст. Дар ин муддат, номзадҳои раёсатҷумҳурӣ, се бор ва номзадҳои муовинати раёсатҷумҳурӣ якбор бо якдигар мунозироти телевизионӣ баргузор хоҳанд кард. Ба ҳамин далел рӯёрӯии Ҳаррис, бо Пенс дар мунозираи телевизионӣ, ки барои ҳафтуми октябр пешбинӣ шуда, аз аҳамияти басазое дар ҷалби назари раъйдиҳандагони амрикоӣ бархӯрдор аст.