Август 12, 2020 15:22 Asia/Dushanbe
  • Дархости раҳбари мухолифони давлати Беларус аз муътаризон

Раҳбари мухолифон давлати Беларус хостори поён ёфтан эътирозоти хиёбонӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Свитлана Тихановска- раҳбари мухолифони давлати Беларус, ки ба Литва рафтааст дар навори видеоӣ, ки дар Ютюб мунташир шуд аз мухолифони давлати Беларус хост барои эътироз ба хиёбонҳо ва майдонҳо нараванд.

Тихановская дар ин филм мардуми Беларусро ба рафтори оқилона ва риояти қонун даъват кард.

Линас Линкевисиюс- вазири умури хориҷаи Литва рӯзи сешанбе дар твитте аз ҳузури Свитлана Тихановская, рақиби аслии Александр Лукашенко дар Литва хабар дод.

Рӯзи якшанбе шашумин интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Беларус баргузор шуд ва Александр Лукашенко- раиси ҷумҳури феълии ин кишвар бо касби беш аз 80 дарсади овозҳо ба пирӯзӣ расид.

Хонум Тихановская- рақиби аслии Лукашенко тавонист 9.9 дарсади овозҳо ба даст овард.

Пас аз эъломи пирӯзии Лукашенко, тарафдорони Свитлана Тихановская дар эътироз ба натиҷаи интихобот ба хиёбонҳо омаданд.

Дар ин эътирозот то кунун як нафар кушта шуда, даҳҳо тан маҷрӯҳ ва ҳазорон нафар низ боздошт шудаанд.