Август 13, 2020 09:23 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди бесобиқаи Покистон аз сиёсатҳои Саудӣ дар минтақа

Вазири умури хориҷаи Покистон ба шакли бесобиқа аз сиёсати Арабистон дар баробари масоили минтақа аз ҷумла дар масалаи Кашмир интиқод кард.

Ба нақл аз Пойгоҳи хабарии шабакаи Алолам , Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ аз монеъатарошии Арабистони Саудӣ дар ҳали буҳрони масалаи Кашмир ва дахолатҳои Риёз дар баргузории нишасти Созмони ҳамкориҳои исломӣ бо мавзуи ҷиноятҳо алайҳи мусалмонони Кашмир парда бардошт.

Бар асоси ин гузориш , Вазири умури хориҷаи Покистон гуфт ,ки Риёз монеи баргузории нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Исломӣ барои Баррасии ҷиноятҳои давлати Ҳинд алайҳи мусалмонони Кашмир шуд.

ШОҳмаҳмуд Қурайшӣ гуфт Риёз дар масири баргузории канфронси кучаки сарони Созмони ҳамкориии исломӣ сангандозӣ кард ва Покистон ба хотири фишорҳои Арабистони Саудӣ дар ин Канфронс ширкат накард.

 Қурайшӣ ҳамчунин ҳукумати нави Саудиро ба хушхидматӣ ба Исроил мутаҳам кард.

Покистон таҳдид кардааст ,ки қасди хориҷ шудан аз Созмони ҳамкориҳои исломиро дорад чаро ,ки Арабистони Саудӣ ин Созмонро беҳувият карда ва аз он барои манофеи худ суистифода мекуна.

Барчасп