Август 13, 2020 18:35 Asia/Dushanbe
  • Русия: Амрико аз фазои сайберӣ алайҳи дигарон истифода мекунад

Муовини дабири Шӯрои амнияти Русия эълом кард, Вашингтон аз Интернет ба унвони абзоре барои расидан ба аҳдофи худ, алайҳи дигар кишварҳо истифода мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Дмитрий Медведев, муовини дабири Шӯрои амнияти Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, Амрико ба таври комил ҳувияти афрод дар интернетро таҳти контрол дорад дар ҳоле, ки набояд ин гуна бошад.

Муовини дабири Шӯрои амнияти Русия афзуд, тасмими ахири давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар мавриди соҳибон сервисҳои шабакаи иҷтимоӣ ва нармафзорҳои чинӣ нишон медиҳад, ки Амрико қасд дорад дар оянда низ сиёсати худ дар ҳавзаи фазои сайберӣ, яъне инҳисор дар онро ҳифз кунад.

Сенати Амрико, 7 август ба лоиҳаи мамнуъияти истифода аз нармафзори чинии “ТикТок” барои кормандони давлат раъйи мусбат дод.

Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, нармафзори ТикТок” иттилооти марбут ба шаҳрвандони амрикоиро дар ихтиёри давлати Чин қарор медиҳад.

Ҳарчанд, ки масъулони ин нармафзори чинӣ, иддаоҳои матраҳ шударо фоқиди эътибор хонданд.

 

Барчасп