Дипломати рус: Шикасти талоши Амрико қобили пешбинӣ буд
(last modified Sat, 15 Aug 2020 06:35:22 GMT )
Август 15, 2020 11:35 Asia/Dushanbe
  • Дипломати рус: Шикасти талоши Амрико қобили пешбинӣ буд

Дипломати баландпояи Русия шикасти қатъномаи зидди эронии Амрикоро дар Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид қобили пешбинӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Михаил Олиянов- сафир ва намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена бомдоди шанбе 15 август бо ишора ба шикасти талоши Амрико барои тасвиби қатъномаи зидди эронӣ, аз кишварҳое, ки дар бораи поён ёфтани таҳрими таслиҳотии Эрон ибрози нигаронӣ кардаанд хост бузургнамоӣ накунанд.

Олиянов нигаронии ин кишварҳоро бемаврид хонд ва афзуд: Ҳеҷ таҳриме [алайҳи Эрон] пеш аз соли 2010 дар кор набуд ва ҳеҷ фоҷиае рӯй надод. Акнун ҳам рӯй нахоҳад дод.

Кишварҳои аврупоӣ, ки ба қатъномаи пешниҳодии Амрико овози мумтанеъ доданд, бидуни ин ки ба поймолсозии тааҳҳудоти худ дар тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ишорае кунанд, аз поёни таҳримҳои таслиҳотии Теҳрон ибрози нигаронӣ карданд.

Қатъномаи пешниҳодии Амрико барои тамдиди мамнуъияти таслиҳотии Эрон бо 11 овози мумтанеъ, ду овози мухолифи Чин ва Русия ва ду овози мувофиқи Амрико ва Ҷумҳурии Доминикен натавонист аз садди Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид бигузарад ва шикасте дигарро дар дафтари дипломосии зӯргӯёнаи Амрико ба сабт расонд.

Ба муҷиби қатъномаи 2231, ки ба думболи тавофуқи ҳастаӣ ба тасвиби Шурои амният расид, мамнуъияти таслиҳотии Эрон дар октябри 2020 ба поён мерасад.