Ривояти Русия аз дарсе, ки Амрико омӯхт
Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе таъкид кард, натиҷаи райгирии Шӯрои Амният ба Амрико омӯхт, ки қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳидро бояд иҷро кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи шанбе дар баёнияи худ афзуд, сиёсати Амрико барои коршиканӣ дар иҷрои қатъномаи 2231 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва нобудии тавофуқи ҳастаӣ сабаби нохушоянди кишварҳои ҷаҳон шудааст.
Вазорати умури хориҷаи Русия дар ин баёния бо ҳимояти дубора аз тавофуқи ҳастаӣ таъкид кард, ҳадди аксари талоши худро барои ҷилавгирӣ аз истифодаи абзории Амрико аз қавонини байналмилалӣ, ки аркони низоми ҷаҳониро ташкил медиҳад, ба кор мегирад.
Шомгоҳи ҷумъа ба вақти Ню-Йорк, қатъномаи пешниҳодии Амрико барои тамдиди мамнуъияти таслиҳотии Эрон бо 11 райи мумтанеъ, ду райи мухолиф ва 2 райи мувофиқи аъзои Шӯрои Амният шикаст хурд.