Август 17, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  • Тамоюли Трамп барои дидор бо Путин қабл аз интихоботи Амрико

Шабакаи NBC якшанбешаб ба нақл аз чаҳор манбаъи огоҳ эълом кард:Раиси ҷумҳурии Амрико ба мушовиронаш гуфта, ки моил аст қабл аз интихоботи ноябр бо ҳамтои руси худ дидор кунад.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, NBC афзудааст: Мақомҳои давлати Амрико замон ва маконҳои мухталиферо барои дидори Трамп ва Путин баррасӣ кардаанд, ки яке аз гузинаҳо, мулоқот дар моҳи сентябр дар Нию-Йорк аст.

 Ҳадаф ин дидор эъломи пешрафт дар музокирот дар бораи тавофуқномаи контроли силоҳҳои ҳастаӣ миёни Русия ва Амрико аст.

Ба гуфтаи манбаъҳои огоҳ, яке аз барномаҳои эҳтимолии ин дидор оғози тарҳ ва чорчубе барои музокирот дар бораи тамдиди паймони «Старти нав» аст.

 Ин манобеъ гуфтанд, ки Трамп чунин дидореро фурсате медонад, то нишон диҳад, ки вай тавоноии музокира дар бораи тавофуқномаҳоро дорад.

 Сиёсати хориҷии Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико бар асоси «докторини хурӯҷ» аз созмонҳо ва тавофуқҳои байналмиллалӣ устувор аст.

 Ин сиёсати давлати Трамп бо интиқодҳои густурдаи байналмиллалӣ рубару шудааст.

 

Барчасп