Август 17, 2020 15:03 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ҳизби наҳзати исломии Афғонистон ба тавофуқи Аморот бо режими саҳюнистӣ

Дабири куллии Ҳизби наҳзати исломии Афғонистон барқарории равобити дипломатики Аморот бо режими саҳюнистиро шармовар тавсиф кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мавлавӣ Муҳаммадмухтори Муфлеҳ рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт: Тавофуқи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо режими саҳюнистӣ дар чорчуби тарҳи амрикоии вогузории сарзамини фаластиниҳо ба саҳюнистҳо ё ҳамон "Муомилаи қарн" анҷом шуд.

Мавлавӣ Муфлеҳ иқдоми Аморотро дар таърихи ин кишвари исломӣ ва арабӣ, шармовар тавсиф кард ва аз ҷаҳони ислом ва Созмони ҳамкории исломӣ хост аз барқарории робитаи Аморот бо режими саҳюнистӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Аморот ва Исроил рӯзи панҷшанбе эълом карданд бар сари оддисозии комили равобити дипломатик ба тавофуқ расидаанд.

Ин иқдоми хиёнатбори Аморот бо вокуниши манфии ҷаҳони ислом рӯбарӯ шудааст.

 

Барчасп