Август 17, 2020 17:33 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Чин ба Амрико дар хусуси идомаи таҳримҳои зидди Эрон

Суҳангӯи Вазрати умури хориҷаи Чин ба Амрико дар хусуси идомаи таҳримҳои золимонаи зидди Эрон ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Джао Ли Цзянь рӯзи душанбе ба Америка ҳушдор дод: ба таҳримҳои якҷонибаи худ зидди Эрон поён диҳад ва ба масири саҳеҳ барои ҳифзи Барҷом ва тасмимоти Шӯрои Амният боз гардад. 
 
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин гуфт: шикасти қатъномаи Америка барои идомаи таҳримҳои таслиҳотии Эрон дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал дубора нишон дод, ки якҷонибагароии  Вашингтон ҳеҷ ҷойгоҳе надорад ва маҳкум ба шикаст аст. 
 
Джао Ли Цзянь ҳамчунин зимни ҳимоят аз пешниҳоди  Владимир Путин  раис Ҷумҳурии Русия барои ташкили нишасти фавқулоддаи Шӯрои Амният бо ҳузури Эрон ва Олмон дарбора амнияти минтақаи Халиҷи Форс афзуд: Чин моил ба идомаи иртибот ва ҳамоҳангии наздик бо ҳама тарафҳо барои пешбурди муштараки ҳалу фасли сиёсии масъалаи ҳастаии Эрон аст. 
 
Раиси Ҷумҳурии Русия асри рӯз ҷумъа бо эъломи ҳимоят кишвараш аз Барҷом, баргузории нишасти фавқулоддаи Шӯрои Амниятро бо мушорикати Эрон ва Олмон хостор шуд.

Барчасп