Кашфи ҷадиди донишмандони чинӣ дар бораи маншаи аслии вируси корона
(last modified Mon, 17 Aug 2020 13:57:26 GMT )
Август 17, 2020 18:57 Asia/Dushanbe
  • Кашфи ҷадиди донишмандони чинӣ дар бораи маншаи аслии вируси корона

Ду донишманди чинӣ эълом карданд, ки ёфтаҳои онон нишон медиҳад маншаи аслии вируси корона як маъдан будааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; ин ду донишманди чинӣ мегӯянд: шаш коргари маъдан дар моҳи апрели соли 2012 дар минтақаи "Юннан " дар ҷануб-ғарби Чин пас аз он, ки 14 рӯз ба пок кардани мадфӯи  кӯршапалак машғул буданд дучори бемории мармузе шуданд, ки 3 нафар аз ин коргарон ҷони худро аз даст доданд. 
 
 Пизишки чиние, ки ин коргаронро дармон кардааст дар хотироти худ аз дараҷаи ҳарорати боло, сурфаи хушк, дарди азулонӣ ва дар бархе маворид сардарди ин беморон хабар дода буд, ки ин алоим ҳамагӣ бо ибтило ба вируси корона муртабит аст. 
 
Дар он замон озмоишҳои мухталифе аз гепатит ва табларзаи Денге то озмоиши СПИД аз ин беморон гирифта шуд, вале ба натиҷаи хоссе нарасид ва намунаҳои озмоиши ин беморонро ба озмоишгоҳи вирусшиносии Вуҳон фиристода шуд. 
 
Донишмандони чинӣ бо баррасии дастнавиштаҳои ин пизишк ба ин назария расидаанд, ки эҳтимолан коргарони чинии маъдан дар соли 2012 нахустин мубталоён ба корона будаанд ва вируси корона аз озмоишгоҳи Вуҳон ба берун мунташир шудааст. 
 
 Ин коргарон ба василаи дастгоҳи танаффуси маснуӣ, доруҳои муртабит бо стероид, антибиотик ва рақиқ кунандаҳои хун беҳбуд ёфтанд, вале 3 нафар аз онҳо ба далели вахомати ҳолашон, ҷон бохтанд. 
 
 Бо ин ҳол, токунун натоиҷи расмии таҳқиқот дар ин бора мунташир нашудааст.