Покистон ҳаргиз Исроилро ба расмият нахоҳад шинохт
Раиси маҷлиси сенати Покистон таъкид кард, Исломобод ҳаргиз режими саҳюнистиро ба расмият намешиносад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон,ҳамзамон бо ташдиди мавҷи интиқодот ба тасмими Аморот барои оғози равобити расмӣ бо режими саҳюнистӣ дар Покистон , "Содиқ Санҷаронӣ" раиси маҷлиси сенати ин кишвар низ дар суханонрониаш бори дигар гуфт, режими саҳюнистӣ як режими ғайриқонунӣ ва ишғолгар аст.
Санҷаронӣ афзуд , тавофуқи Аморот бо режими саҳюнисти барои оғози равобити дуҷонибаи расмӣ , паёмадҳои зиёде ба думбол хоҳад дошт.
Мусулмонони Покистон бо баргузории гирдиҳамоӣ ва тазоҳуроти зидди саҳюнистӣ , тасмими ахири Аморот барои оддисозии равобити дипломатӣ бо режими саҳюнистиро маҳкум карданд.
Тазоҳуроткунандагон бо дар даст доштани плакатҳое бо шиори ҳимоят аз Фаластин ва озодии Байтул- Муқаддас таъкид карданд, созиш бо ишғолгарон хиёнати бузург алайҳи Фаластин ва ҷаҳони ислом аст.