Ниқоби шилликкун ихтироъ шуд
Август 19, 2020 06:52 Asia/Dushanbe
Як мубтакири амрикоӣ дастгоҳеро ибдоъ кардааст, ки ниқобро ба сурати ашхосе, ки аз задани ниқоб худдорӣ мекунанд, партоб мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Алпн Пан сокини Амрико, дастгоҳе сохтааст, ки ниқоби пизишкиро мустақиман ба сурати шахс партоб мекунад ва онро дар сураташ қарор медиҳад.
Ин мубтакири амрикоӣ дар сохти ин дастгоҳ, аз капсулҳои диоксиди карбон ва қатаоте аз системаи тормози як мошин истифода кардааст.
Дар ҳар гӯшае аз ниқоб гираҳое бо вазна вуҷуд дорад ва ҳангоми шиллик бо истифода аз ҷараёни газ, ниқоб ба сурати шахси муқобил партоб мешавад ва вазнаҳо боис мешавад, ки кашҳои ниқоб ба даври сурат печида шавад.