Қиммати ваксинаи зидди короноии чинӣ эълом шуд
Ширкати дорусозии Синуформ, созандаи яке аз ваксинаҳои зиддикороноии Чин, ки дар ҳоли тайи марҳилаи ниҳоии озмоишҳои клиникӣ аст, баҳои ин ваксинаро ҳудуди 150 доллар эълон кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, «Лю Сзин Ҷин» раиси ин ширкати дорусозии чинӣ рӯзи чаҳоршанбе дар конфронси хабарӣ дар Пекин эълом кард: ваксина то поёни соли 2020 мелодӣ вориди бозор мешавад ва ду бор тазриқи он, ҳазор юан муодили 150 доллар ҳазина дорад.
Ӯ афзуд: ин ваксина ба зудӣ мароҳили поёнии озмоишро пушти сар мегузорад ва тибқи арзёбиҳое, ки сурат гирифта баҳои он барои дарёфткунандагон зиёд нест.
Лю Сзин Ҷин гуфт: лозим нест, ки ҳама як миллиарду 400 миллион нафар ҷамъияти Чин ин ваксинаро тазриқ кунанд, аммо пешниҳод мешавад, ки донишҷуён ва ё касоне, ки дар шаҳрҳо машғули кор ҳастанд ваксина бизананд ва дар рустоҳо ва манотиқи маҳрум, ки камҷамъияттар ҳастанд зарурате барои ин кор нест.