Август 20, 2020 11:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Ҳиллари Клинтон ба ҳаводорони ҳизби демократ

Рақиби демократи Трамп дар интихоботи 2016 ба тарафдорони ин ҳизб ҳушдор дод,ки ҳатто бо вуҷуди се миллион раъйи бештар ҳам мумкин аст бозанда шаванд ва бояд бо ҳама тавон дар интихоботи 2020 ширкат кунанд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳиллари Клинтон шомгоҳи чаҳоршанбе дар севумин нишасти маҷозии маҷмаъи миллии ҳизби демократ хитоб ба овоздиҳандагон гуфт: «Мо ба теъдоди раъйе ниёз дорем, ки Трамп натавонад онҳоро бидуздад.»

 Вай афзуд: «Фаромӯш накунед Ҷу Бойден ва Камила Ҳарис метавонанд бо се миллион раъйи бештар, бозанда шаванд. Ҳамон чизе, ки барои ман рух дод.»

  Ҳиллари Клинтон дар интихоботи соли 2016 ҳудуди се миллион раъй беш аз Доналд Трамп дошт, аммо Трамп тавонист бо касби овозҳои электрали бештар, раиси ҷумҳури Амрико шавад.

 Маҷмаъи миллии ҳизби демократи Амрико шомгоҳи сешанбе ба таври расмӣ Ҷу Бойден- муовини аввали давлати Барак Обамаро ба унвони номзади интихоботи худ баргузид.

 Интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико рӯзи севуми ноябр баргузор мешавад, ки бо таваҷҷуҳ ба шиюъи густурдаи вируси корона, баргузории интихобот бо аммову агарҳои фаровоне рӯбарӯ шудааст.

 Демократҳо ба думболи раъйгирии бидуни ҳузур дар  марказҳои овоздеҳӣ ҳастанд; дар ҳоле, ки Трамп ва ҷумҳурихоҳон бо он мухолифат доранд.

 

Барчасп