Август 20, 2020 12:45 Asia/Dushanbe
  • Иллати ба таъхир афтодани музокироти сулҳи  афғонҳо дар Қатар

Сухангӯи Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон иллати таъхир дар музокироти сулҳи афғонҳо дар Қатарро дахолати кишварҳои ғарбӣ донист.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ориёнониюс, Фаридун Хузун гуфт:Бархе аз кишварҳои ғарбӣ бо озодии шуморе аз зиндониёни Толибон мухолифат кардаанд ва ҳамин амр боис шуда, то музокироти Давҳа ба таъхир биуфтад.

 Вай ҳеҷ гуна ишорае ба кишвари хоссе накард. Бо ин ҳол чанде қабл Фаронса аз Кобул хост он даста аз зиндониёни Толибонро, ки дар куштани шаҳрвандони фаронсавӣ даст доштаанд, озод накунад.

 Асадуллоҳ Саодатӣ-муовини Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон низ гуфт:Аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ- раиси ин Шӯро барои ширкат дар музокироти байнулафғонӣ дар Қатар даъват шуда, аммо вай дар ин замина ҳанӯз тасмиме нагирифтааст.

 Пеш аз ин Сиддиқ Сиддиқӣ-сухангӯи арги раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфта буд:То замоне, ки Толибон шумори бештаре аз нируҳои давлатиро озод накунад, 320 зиндонии боқимондаи Толибон озод нахоҳанд шуд.

 Қарор аст давлати Афғонистон 400 зиндонии Толибонро бар асоси мувофиқати Луияи ҷиргаи машваратии сулҳи ин кишвар озод кунад, то музокирот бо ин гурӯҳ оғоз шавад.

 

Барчасп