Август 20, 2020 17:41 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши

Нахуствазири собиқи Малайзия тавофуқи оддисозии равобит миёни Аморот ва режими саҳюнистиро гоме ба ақаб тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, «Моҳотир Муҳаммад» нахуствазири собиқи Малайзия рӯзи панҷшанбе уфт: "Ин тавофуқ, қудрати гуруҳҳои мутахосим барои кушторро афзоиш хоҳад дод ва дигар сулҳе ҳатто миёни кишварҳои исломӣ вуҷуд нахоҳад дошт." 
 
Дар пайи талошҳои бевақфаи «Дуналд Трамп» раисҷумҳури Амрико барои тасҳили раванди оддисозии равобити байни Аморот ва режими саҳюнистӣ, ҳафтаи гузашта ду тараф таи тавофуқномае, бар сари оддисозии комили равобити дипломатик ба тавофуқ расиданд. 
 
 Гуруҳҳои муқовимат дар Фаластин пас аз эъломи тавофуқи ниҳоӣ байни Аморот ва режими саҳюнистӣ мабни бар оддисозии комили равобити дипломатик, ба иқдоми нангини Абу-Дабӣ вокуниши тунд ва сахте нишон доданд.

Барчасп