Август 22, 2020 11:06 Asia/Dushanbe
  • Умедвории Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ба поёни куруно

Мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт ибрози умедворӣ кард, ки ҳамагирии вируси куруно то ду соли дигар ба поён бирасад.

Ба гузориши Райтерз, Tedros Adhanom, мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи ҷумъа афзуд, онфулонзои испониёи ҳам, ки дар қарни гузашта ва ҳудуди соли 1918 густариш ёфт тайи ду сол ба поён расид.

Мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамчунин гуфт, ки ба иллати иртиботи бештари мардум, вируси куруно фурсати бештаре барои густариш дорад ва метавонад ба суръат мунтақил шавад.

Бар асоси оморҳои ҷадид, токунун теъдоди мубталоён ба COVID -19 дар саросари ҷаҳон ба беш аз 23 миллионнафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 802 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 15 миллион нафар беҳбуд ёфтаанд.