Август 23, 2020 13:44 Asia/Dushanbe
  • Хоҳари Трамп: Доналд дурӯғгӯ аст

Хоҳари калонии Трамп ва судяи собиқи федеролии ИМА бародари худ Доналд Трампро "дурӯғгӯй ва бераҳм " номидааст ва гуфтааст, ки "ӯ ба ҳеҷ усуле пойбанд нест".

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, дар садое, ки бародарзодаи Раиси Ҷумҳурии Амрико Мария Трамп ба сурати пинҳонӣ сабт карда ва дар хабаргузории амрикоии Ассошиэйтед Пресс мегӯяд, Марианна Трамп хоҳари калони Трамп   Марианна Трамп Берри,    ва собиқ судяи федералӣ, бародари худро шадидан танқид карда, исрор кард, ки вай ҳеҷ принсип надорад.

Марианна дар ин садои сабтшуда гуфтааст, ки чи тавр мешавад, ки хонаводаи ман хатарноктарин марди ҷаҳонро ба вуҷуд оварад.

Мария Трамп пас аз интишори ин садои сабтшуда гуфт, ки вай сабти гуфтугӯҳо бо аммаи худро дар солҳои 2018 то 2019 анҷом додааст.

Хоҳари калонии Трамп дар қисмати дигаре аз садои сабтшудааш гуфтааст: Твиитҳои лаънатӣ ва дурӯғҳояш!

Доналд бидуни омодагӣ сӯҳбат мекунад ва дурӯғ мегӯяд.

Барчасп