Қадрдонии раиси ҷумҳури Венесуэла аз Эрон
Раиси ҷумҳури Венесуэла аз Ҷумҳурии исломии Эрон ба далели кумак ба кишвараш барои муқобила бо таҳримҳои нафтии Вашингтон қадрдонӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Николас Мадоро дар як мусоҳибаи телевизионӣ зимни қадрдонӣ аз кумакҳои Эрон ба Венесуэла гуфт: Таҷрибаи Эрон ба давлати Венесуэла дар тақвияти таавони мудирият дар ин кишвар кумак хоҳад кард.
Мадоро пештар низ аз ҳимоятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон аз давлат ва миллати Венесуэла қадрдонӣ карда ва гуфта буд: Венесуэла танҳо нест ва дӯстони шуҷое дорад, ки дар канораш истодаанд.
Эрон ахиран дар ростои ҳимоят аз давлат ва миллати Венесуэла, ки таҳти муҳосираи иқтисодии Вашингтон қарор доранд, панҷ нафткаш, ки маҷмуан ҳомили ҳудуди 1.5 миллион барел бензин буд ба ин кишвар ирсол кард.
Ҷумҳурии исломии Эрон ин панҷ нафткаши ҳомили бензинро бо вуҷуди таҳдидҳои Амрико ба Венесуэла фиристод то ба камбуди бензин дар ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ поён диҳад.