Август 24, 2020 20:05 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Чин бар лағви таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин бар лузуми лағви таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон таъкид кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна , « Чжао Ли Цзян » рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ дар ҷамъи хабарнигорон дар Пекин зимни мухолифат бо ҳаргуна « фишор ва таҳрим бар Эрон » дар мавзӯи Барҷом аз тарафи Амрико гуфт : гуфтугӯ ва музокира танҳо роҳи ҳалли масъалаи ҳастаии Эрон аст.
Сухангӯӣ Вазорати хориҷаи Чин дар вокуниш ба фишори Амрико бар Шӯроии Амният барои фаъолсозии механизми Моша зидди Эрон  афзуд : ҳамонгуна, ки «Вонгӣ » вазири хориҷаи чинӣ ҳам ёдоварӣ кард Амрико бо хурӯҷ аз Барҷом  ҳақи дархост аз Шӯроии Амният барои фаъолсозии механизми Мошаро надорад .
Механизми Моша( Snapback ) фарояндӣ аст ки бар асоси он агар яке аз тарафҳои Барҷом ба ин ҷамъбандӣ бирасад, ки тарафи дигар ба таъаҳҳудоти ин тавофуқ пойбанд нест , метавонад ба камиссиюни муштарак шикоят кунад .
 Амрико  пас аз хуруҷ аз Барҷом ( 8 май 2018 ) ҳамакнун муддаӣ шуда, ки ҳамчунон  узве аз ин тавофуқ асту метавонад аз созукорҳои мавҷуд дар ин тавофуқ ва қатъномаи 2231 муртабит бо он , алайҳи Эрон истифода кунад .
Ба ҳамин манзур  ахиран  қатъномае ба Шӯроии Амният барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии зидди Эрон ироа кард ки рад шуд .

Барчасп