Духтари индонезияӣ ҳангоми дафн зинда шуд
(last modified Tue, 25 Aug 2020 05:21:27 GMT )
Август 25, 2020 10:21 Asia/Dushanbe
  • Духтари индонезияӣ ҳангоми дафн зинда шуд

Як духтари 12 солаи индонезияӣ ҳангоме, ки бастагонаш пайкари ӯро барои маросими кафну дафн омода мекарданд ба ногоҳ зинда шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ин духтар, ки ба далели аворизи бархоста аз диябети музмин дар бемористон бистарӣ  шуда буд дар ҳамон шаб даргузашт ва хонаводаи вай шуруъ ба омодасозӣ барои маросими дафн карданд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ин духтар ҳангоми шустани баданаш ногаҳон чашмони худро боз кард, ҳарорати бадани вай афзоиш ёфт ва қалби ӯ дубора шуруъ ба тапидан кард.

Бо ин ҳол соате пас аз зинда шудан ба рағми талоши пизишкон, ки билофосила бо  тамоси бастагонаш фарохонда шуда буданд, дубора даргузашт.

Дар бемороне, ки бар асари ҳамлаи қалбӣ даргузаштаанд, гардиши хун мумкин аст ба таври худ  ба худӣ аз сар гирифта ва мунҷар ба эҳёи танаффус ва зарабони қалб шавад.