Август 25, 2020 13:34 Asia/Dushanbe
  • Беларус аввалин кишвари дарёфткунандаи ваксинаи русии корона

Раисони ҷумҳури Русия ва Беларус тавофуқ кардаанд, ки шаҳрвандони беларусӣ дар марҳилаи севвуми озмоишҳои густардаи ваксинаи русии "Спутник-5" алайҳи уфунати коронавирус мушорикат кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Дафтари матбуотии кохи Кремлн эълом кард, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус дар гуфтугӯе тилифонӣ тавофуқ карданд, ки Беларус нахустин кишваре хоҳад буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирусро дарёфт мекунад.

Раиси ҷумҳури Беларус дар ин гуфтугӯ муваффақияти Русия дар тавлиди ин ваксинаро ба Владимир Путин табрик гуфт.

Маркази таҳқиқоти миллии эпидемиологӣ ва микробиологии Русия-Гамалия, ки бо ҳамкории Вазорати дифои ин кишвар нахустин ваксина алайҳи коронавирусро тавлид карда ва ба сабт расонда, санадҳои лозимро ба Вазорати беҳдошти Русия ирсол карда то иҷозатномаи лозимро барои марҳилаи севвуми озмоиши болинии ваксинаи Спутник-5 дарёфт кунад.

Ба гуфтаи мақомоти ин марказ, 40 ҳазор довталаб дар 10 то 15 минтақаи федерали Русия дар ин марҳила аз озмоишҳо ширкат мекунанд, то мизони масуният ва эминии дору, ба таври густарда баррасӣ шавад.

Вазорати беҳдошти Русия пеш аз ин аз оғози раванди тавлиди ин ваксина хабар дода буд.

 

Барчасп