Август 25, 2020 18:40 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди заҳролуд шудани мухолифи саршиноси Путин

Пизишкони олмонӣ бо судури баёнияе эълом карданд, ки мухолифи саршиноси Путин масмум (заҳролуд) шудааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Исна, дар баёнияи пизишкони бемористони Charter дар Берлин, ки дар он Алексей Навалний рақиби барҷастаи Владимир  Путин Раиси ҷумҳурии Русия дар он бистарӣ аст , омадааст : озмоишҳо таъйид мекунад навъи  заҳр, амалкарди одии мағзу системаи асабии Навалнийро мухтал кардааст .
Ҳамзамон бо баёнияи пизишкони олмонӣ дар бораи навъи масмумияти Навалний, Ангела Меркел  садри аъзами Олмон эълом кард таҳқиқоти шаффофе дар ин бора бояд сурат гирад ва касе, ки масъули ин амал буда , бояд шиносоӣ ва муаррифӣ шавад .
 Алексии Навалний, ки саршиностарин мухолифи сиёсатҳои Путин дар 10 соли ахир буда , рӯзи 20 август пас аз нӯшидани чой дар кафеи фурудгоҳи Омск бадҳол шуд ва сипас ба кома рафт .
Пештар пизишкони рус эълом карда буданд дар озмоишҳои анҷом шуда рӯи идрору хуни Навалний ҳеҷ гуна асаре аз заҳр мушоҳида нашудааст .
Новалний 44 солаи раҳбари ҳизби Русияи навин аст, ки дар аксари таҷаммӯъҳои эътирозии қонунӣ ё ғайриқонунӣ дар Рӯсия бо мавзӯъоти мухталиф ҳузур меёбад ё мухолифони Путинро даъват ба таҷаммӯъ  алайҳи сиёсатҳои давлат мекунад .