Нокомии Амрико дар Афғонистон
Ҳамзамон бо понздаҳумин солгарди ҳамлаи Амрико ба Афғонистон арзёбии маҳофили мухталифи ғарбӣ ва дохилӣ дар ин кишвар аз нокомии Вашингтон ва НАТО дар таъмини амнияти Афғонистон ҳикоят доранд.
Гурӯҳи Толибон ҳам бо интишори баёнияе таҷовузи Амрико ба Афғонистонро маҳкум кард ва ҳушдор дод, агар Амрико аз Афғонистон хориҷ нашавад, мардуми ин кишвар бо мубориза онҳоро ба зӯр аз ин кишвар хориҷ хоҳанд кард .
Пас аз ҳамалоти соли 2001-и Амрико, ин кишвар ба баҳонаи муқобила бо Алқоида ва Толибон ва барқарории амният дар Афғонистон ба ин кишвар лашкаркашӣ ва онро ишғол кард. Шиорҳои он рӯзи Амрико дар мавриди таъмини амният ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон багунае буд, ки дар зеҳни ҳар шунавандае табдили ин кишвар ба Ҷопоне дигар тарсим мешуд. Бар асоси Конфронси "Бин", ки пас аз суқути режими Толибон ташкил шуд, барномаҳои созандагии Афғонистон миёни кишварҳо тақсим ва муқобила бо маводи мухаддир ҳам ба Англия супурда шуд. Баъд аз муддате созмони НАТО дар аввалин маъмурияти хориҷ аз аврупоии худ вориди Афғонистон шуд ва ин созмон ва Амрико ҳудуди 130 ҳазор нерӯ то соли 2014 дар Афғонистон мустақар карданд. Аммо бо гузашти замон мушаххас шуд, ки Амрико ва НАТО барои муқобила бо терроризм ба Афғонистон лашкаркашӣ накардаанд, балки дарсададанд, ин кишварро ба пойгоҳи низомии худ дар минтақа табдил кунанд .
Англия низ на танҳо барои муқобила бо тавлид ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон иқдом накард, балки ин кишвар бо бештарин фаъолият дар ин замина рӯ ба рӯст. Дар ин ҳол болиғ бар се миллион нафар низ дар Афғонистон олуда ба маводи мухаддир шудаанд.
Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ, амалкарди Амрико ва НАТО дар Афғонистон чанд воқеияти муҳимро барои ҷаҳониён мушаххас кард, аввал онки ҷони мардуми Афғонистон барои нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО ҳеч арзише надорад. Зеро ин нерӯҳо бемаҳобо мардуми Афғонистонро мавриди ҳадаф қарор дода ва дар зиндонҳои таҳти тасаллути худ башиддат шиканҷа кардаанд. Дуввум онки Амрико ба ҳеч унвон ҳозир ба муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон нест, зеро ин гурӯҳҳо бозувони низомии Вашингтон барои иҷрои барномаҳо ва тарҳҳои минтақаии Амрико талаққӣ мешаванд .
Музокироти пинҳонии Амрико бо Толибон ва иҷоза додан ба ин гурӯҳ барои ташкили дафтари сиёсӣ дар Қатар, ки бо мухолифати ҷиддии давлати қаблии Афғонистон рӯ ба рӯ шуд, ба вузуҳ нишон дод, ки Амрико бадунболи тасбити ифротгароӣ дар Афғонистон ва нигоҳи таҳқиромез ба ин кишвар аст. Ба ҳамин далел Афғонистон баъд аз гузашти 15 сол аз ишғол аз сӯи Амрико ҳамчунон бо буҳрони ноамнӣ рӯ ба рӯ аст ва гурӯҳҳои террористӣ на танҳо дар Афғонистон аз байн нарафтаанд, балки бо зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ авзои амниятии Афғонистони печидатар низ шудааст .
Сеюмин воқеияти ҳузури Амрико дар Афғонистон ин аст, ки Вашингтон ба ҳеч унвон хоҳони барқарории сулҳу амният дар Афғонистон нест. Зеро дар сурати барқарории сулҳ дар Афғонистон Амрико дигар тавҷеҳе барои идомаи ишғоли Афғонистон нахоҳад дошт.
Куштани бархе аз фармондеҳони Толибон дар ҳоле, ки замзамаи аз саргирии музокироти сулҳ дар Афғонистон матраҳ буд, дар ҳамин росто қобили таваҷҷуҳ аст. Ба гунае, ки Роберт Грини Мейер, раиси собиқи дафтари Созмони иттилооти марказии Амрико дар Покистон ҳам эълом кард, ки бо вуҷуди ҳузури 15 солаи Амрико дар Афғонистон, нерӯҳои Толибон таҳарруки бештаре ёфтаанд ва чашмандози равшане барои сулҳ дар ин кишвар вуҷуд надорад .
Акнун бар касе пушида нест, сиёсати Амрико дар Афғонистон табдили ин кишвар ба пойгоҳи низомии Вашингтон дар минтақа ва транзити терроризм ва ифротгароӣ аз Афғонистон ба самти Осиёи Марказӣ ва Қафқоз то марзҳои Чин аст.
Ба ҳамин далел вазъияти Афғонистон дар ҳамаи бахшҳо ба маротиб вахимтар аз гузашта аст. Воқеиятҳои мавҷуди Афғонистон ҳамчун ташдиди тавлид ва қочоқи маводи мухаддир, афзоиши гурӯҳҳои террористӣ ва эҷоди иншиоб дар Толибон, ки музокира бо онро мушкил мекунад, аз як сӯ ва афзоиши фақр ва ташдиди ихтилофоти Афғонистон бо Покистон ва амал накардани Амрико ба тааҳҳудоти худ дар тавофуқномаи амниятӣ бо давлати Кобул, ки муҷиби ташдиди ноамниҳо дар Афғонистон шудааст, аз сӯи дигар як мавзуи муҳимро исбот мекунад ва он инки Амрико дар Афғонистон сирфан сиёсати мудирияти буҳронро дунбол кардааст ва вазъияти мардуми ин кишвар ҳеч аҳаммияте барои Вашингтон надорад. Ончи барои Амрико муҳим аст, тасбити ҳузури низомиаш дар минтақа ва такмили сиёсати муҳосираи Чин ва Русия бо транзити ифротгароӣ ва терроризм ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аст.