Август 27, 2020 19:06 Asia/Dushanbe
  • Дӯрахшиши бозигари эронӣ дар ҷашнвораи филми Русия

Навиди Муҳаммадзода, бозигари эронӣ  барои бозӣ  дар филми “Сурх пӯст” ҷоизаи беҳтарини бозигари мард дар 13-умин Ҷашнвораи филми шарқу ғарби Оренбурги Русия “West and East Eurasian Film Festival”-ро аз они худ кард.

Ба гузориши ИРНА, филми “Сурхпӯст” ба коргардонии Нимо Ҷовидӣ, яке аз филмҳои бахши рақобатии асалии 13-умин Ҷашнвораи филми шарқу ғарби Оренбурги Русия буд.

Ин филм илова бар касби ҷоизаи беҳтарини бозигари мард, ҷоизаи вижаи сарпарасти Ҷашнвораи (YAR Club Complex)-ро низ ба худ ихтисос дод.

Филми “Сурхпӯст” дар бораи як зиндони қадимӣ дар ҷануби Эрон аст, ки ба далели муҷовират бо фурудгоҳи тозатаъсиси шаҳр дар ҳоли тахлия аст. Раиси зиндон майор Неъмат Ҷоҳид ба ҳамроҳи маъмуронаш машғули интиқоли зиндониён ба зиндони ҷадид ҳастанд то инки...

13-умин Ҷашнвораи филми шарқу ғарби Оренбург аз 21 то 26 август дар Русия баргузор шуд.

 

Барчасп