Сентябр 01, 2020 09:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Пекин ба Амрико дар хусуси идомаи таҳримҳо зидди Чин

Давлати Чин ба Амрико дар хусуси идомаи таҳримҳо зидди Пекин ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ли Дайо Куйи- мушовири давлати Чин рӯзи сешанбе гуфт: Агар Амрико таҳрими бархе филизҳо ва қитъаҳои кампютерии Чинро идома диҳад, Пекин ҳам бо таваққуфи содироти дору ба Вашингтон, ба унвони як аслиҳа барои муқобила бо ин таҳримҳо муқобила ба мисл хоҳад кард.

Ли Дайо Куйи афзуд: Беш аз 90 дарсад аз маводи хоми доруҳо аз ҷумла доруҳое назир антибиютикҳо ва витаминҳо дар Чин тавлид мешавад ва Амрико дар кӯтоҳмуддат қодир ба тавлиди онҳо нест.

Амрико аз дастёбии ширкатҳои чинӣ ба хусус "Huawei" ба филизҳои нимарасоно ҷилавгирӣ карда, ки барои фаъолияти ин ширкатҳо дар Амрико ва бозорҳои ҷаҳонӣ мушкилоти фаровоне ба вуҷуд овардааст.

Ахиран таниш байни Пекин ва Вашингтон бар сари сафари вазири беҳдошти Амрико ба ҷазираи Тайван, иддаои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар хусуси дахолати Чин дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, минтақаи Гонконг ва вируси корона афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп