Судури муҷаввизи истифодаи дувумин ваксинаи чинии корона
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57029-Судури_муҷаввизи_истифодаи_дувумин_ваксинаи_чинии_корона
Дувумин ваксинаи зидди коронаи сохти Чин барои истифодаҳои зарурӣ ва изтирорӣ муҷаввиз гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 01, 2020 06:57 Asia/Dushanbe
  • Судури муҷаввизи истифодаи дувумин ваксинаи чинии корона

Дувумин ваксинаи зидди коронаи сохти Чин барои истифодаҳои зарурӣ ва изтирорӣ муҷаввиз гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Шин Ҳуа, ин ваксина дар марҳилаи нахуст барои ваксиносиони гурӯҳҳои пурхатар аз ҷумла коркунон ва кадри бемористонҳо ва марокизи дармонӣ тасвиб шудааст.

Бино барин гузориш, озмоишҳо нишон медиҳад ду ваксинаи сохти Чин, ки мароҳили болиниро тай кардаанд ҳеҷгуна аворизе надоштааст.

Ҳам акнун ҳафт ваксинаи зидди вируси корона дар саросари ҷаҳон дар ҳоли мароҳили озмоиши ниҳоӣ аст, ки чаҳор мавриди онҳо дар кишвари Чин сохта шудааст.

Бо ин ҳол то кунун ҳеҷ ваксинае ба таври расмӣ муҷаввизи истифода нагирифтааст.

Вируси корона то кунун афзун бар 25 миллион нафарро мубтало карда ва ҳудуди 850 ҳазор танро ҳам ба коми марг бурдааст.